Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба посгоҳи милиса дар Майхӯраи Варзоб?


Шоҳидон дар бораи як даргирии мусаллаҳона дар минтақаи Майхӯраи ноҳияи Варзоб хабар медиҳанд.
Хабаргузории «Авесто» аз қавли манобеъи худ навишт, ки ин ҳамлаи мусаллаҳона болои як посгоҳи милиса сурат гирифта, нерӯҳои милиса дар ин даргирӣ талафот ҳам додаанд. Ба гуфтаи манобеъи дигар, даргирӣ дар минтақаи Майхура, дар наздикии нақби Истиқлол рух дода, ҳадди ақал як корманди милиса дар ин задухӯрд ҷароҳат бардоштааст.
Мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ироаи ҳар гуна хабар дар ин замина худдорӣ мекунанд. Иллати даргирӣ низ то ҳол рӯшан нашудааст. Аммо бархе манобеъ ба қочоқбари маводи мухаддир будани ҳамлагарон ишора мекунанд.
XS
SM
MD
LG