Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи як муҳофизи собиқи Тӯраҷонзода


Парвандаи Юсуф Ҷалилов, як муҳофизи собиқи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини пешини сарвазири Тоҷикистон, бо иттиҳоми авбошӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Бино ба навиштаи расонаҳо, Юсуф Ҷалилов дар гузашта ба даст доштан дар қатли шахсиятҳои маъруфе, чун хабарнигорон Муҳиддини Олимпур ва Виктор Никулин ва Моёншо Назаршоев, муовини вақти сарвазири Тоҷикистон муттаҳам мешуд, аммо бар асоси созишномаи сулҳ мавриди афв қарор гирифт. Вале акнун ӯ танҳо ба авбошӣ бо истифода аз силоҳ алайҳи Абдураҳим Котибов, як сокини ноҳияи Ваҳдат дар соли 2000 муттаҳам мешавад.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода боздошти ин муҳофизи худро баъди бозгашташ аз Русия таъйид карда, гуфтааст, ин нафарро вазорати амният ба унвони муҳофиз барои ӯ муаррифӣ карда буд. Оқои Тураҷонзода ҳамчунин аз тобиши сиёсӣ додан ба ин қазия ва кашидани номи ӯ ба парванда изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG