Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон зиреҳпӯшҳояшро аз Сӯх берун мекашад


Узбакистон ба хуруҷи зиреҳпӯшҳои низомиаш аз ҷазирақаламрави тоҷикнишини Сӯх, ки дар байни қаламрави Қирғизистон қарор дорад, шурӯъ кардааст. Хуруҷи ин нирӯҳо аз натоиҷи музокироти дуҷонибаест, ки рӯзи 1 июн ба хотири ҳалли таниши бархоста бар сари ин ҷазирақаламрав оғоз ёфт.
Узбакистон ҳанӯз соли 1999, дар пайи ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ба манотиқи наздик ба водии Сӯх 37 зиреҳпӯшашро дар рустои Чашма мустақар карда буд. Бар асоси тавофуқи тарафҳо, қарор буд, 26 зиреҳпӯш аз ин шумор алакай рӯзи 2 июн тарки Сӯх мекарданд.
Ду ҷониб ҳамчунин ҷиҳат аз байн бардоштани як теъдод аз гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла дар марз бо водии Сӯх, ба тавофуқ расидаанд. Қирғизистон рӯзи 31 май, ба дунболи муноқиша миёни сокинони рустоҳои тоҷикнишину қирғизнишини ин минтақа роҳҳо ба сӯи Сӯхро баст.
XS
SM
MD
LG