Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон аз Русия мушакҳои "Алазан" пурсидааст


Тоҷикистон аз Русия хостори интиқоли зудтарин мушакҳои зидди раъду барқи навъи “Алазан-6” шудааст. Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба ин манзур унвонии ҳукумати Русия як номаи расмӣ ирсол кардааст. Мушакҳои навъи “Алазан-6” фаровардаи корхонаи ба номи Чапаев дар шаҳри Чебоксарии Русия буда, ба манзури хунсо кардани таҳдиди раъду барқ ва ҷилавгирӣ аз обхезиҳо бар асари рехтани жолаву борон истифода мешавад. Имсол бар асари обхезиҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 50 нафар ҳалок шуда, ба иқтисоди кишвар, бино ба ҳисобҳо, даҳҳо доллар ҳисорот ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG