Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ихтироъкорони тоҷик дар озмуни ҷаҳонӣ


Бобурхон Муродов ва Анушервони Сино, ихтироъкорони ҷавони тоҷик
Бобурхон Муродов ва Анушервони Сино, ихтироъкорони ҷавони тоҷик

Бобурхон Муродов ва Анушервони Сино, хонандагони мактаби миёнаи муштараки тоҷикию туркӣ дар Хуҷанд, дар озмуни байнулмилалӣ таҳти унвони «Хатти тахайюлот» бо таҳияи як лоиҳаи экологӣ ғолиб дониста шуданд.

Ихтирои онҳо «Қуттии зидди бактерия» аст, ки ба хотири аз бактерияҳои рӯи зарфи нӯшокӣ эмин доштани истеъмолкунандагон сохта шудааст.

Бобурхон Муродов, ихироъкори ҷавон ва ғолиби озмуни мазкур, мегӯяд, «яке аз касалиҳое, ки бештар ба инсонҳо сироят мекунад, саратони лаб аст. Мо усулеро кашф кардем, ки ҳангоми нушидани нӯшокиҳо, лабҳо ба зарф нарасад ва гарду ҷанги рӯи зарфҳо ба организм ворид нашавад».

Озмуни ихтироъкорони ҷавони «Хатти тахайюлот» моҳи апрел дар шаҳри Анқараи кишвари Туркия баргузор шуд ва барои баҳогузории доварон 6 ҳазор лоиҳа аз ҷониби муҳассилини 41 давлати ҷаҳон пешниҳод гардида буд.

Хонандагони литсеи тоҷикию туркӣ дар Хуҷанд бо ин ихтирооташон ҷоизаи ҳусни тамошобинро соҳиб шуданд. Ва ҳамчунин онҳо роҳхати таҳсил дар донишгоҳи дилхоҳи ҷаҳонро ба даст оварданд.

Ду навраси тоҷик дар ҳоле дар ин озмуни байнулмилаллӣ ғолиб омаданд, ки дар Тоҷикистон аксари ихтироъкорони ҷавонон аз камбуди ҳавасмандӣ ҷиҳати фаъолият дар соҳаи рушди техника изҳори норозигӣ мекунанд.

Муҳаққиқони ҷавон мегӯянд, солҳои охир ба назар мерасад, ки набуди шароити техникӣ дар таълимгоҳҳо ва ҳамчунин камтаваҷҷӯҳии масъулини донишгоҳҳо дар роҳи кашфу дастгирии ихтироъкорон, аз мушкили аслиест, ки шавқи бисёриҳоро дар роҳи дастёб шудан дар корҳои илмиву пажӯҳишӣ коста кардааст.

Нусратулло, як муҳаққиқи ҷавонон, дар ин бора мегӯяд, «дар баъзе кабинетҳо ғайр аз волтметру амперметр дигар чиз мушоҳида намешавад. Дар асри 21-ум ҳам дар кабинетҳои физикӣ ягон таҷҳизоте нест, ки кор бо таври компутерӣ сурат гирад, ҳатто телескопу микроскопро, ки хурдтарин заррачаҳоро мушоҳида кардан мумкин бошад, ба чашм намерасанд».

Масаид Шерматов, доктори илми физикаи донишгоҳи давлатии Хуҷанд, мегӯяд, ҳамасола бо тасмими донишҷӯён дар ин бахш зиёд лоиҳаву ихтироот ба иҷро расонида мешавад, яъне ҷавонони боистеъдод зиёданд. Аммо норасоии шароит ва кашфу ихтироъсозӣ, ҷалбу дастгирӣ намудани онҳо ба соҳаи илму ихтироот аксари муҳаққиқони ҷавонро водор кардааст, ки бо ба даст гирифтани диплом чун аксар дигар ҳамсолонашон роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш гиранд.

Аммо ғолибони озмуни ҷаҳонӣ Бобурхон ва Анушервон ба ояндаи худ бо умед менигаранд ва мегӯянд, ният доранд баъди хатми мактаб дар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил карда, саҳми худро дар роҳи пешбурди фанновариҳои муосир дар кишвар гузоранд.
XS
SM
MD
LG