Пайвандҳои дастрасӣ

То ҳол дар бораи Илёс Каримов маълумот нест


Бино ба иттилои вазорати дохилаи Афғонистон, пулиси ин кишвар се тан аз террористҳои хориҷиро бо номҳои Хаёл Ҷамол-шаҳрванди Покистон, Илёс Каримов-шаҳрванди Тоҷикистон ва Кодиф Наил машҳур бо номи Аҳмад-шаҳрванди Русия дар Кобул боздошт кардааст. Давлат Назрӣ-сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, вазорат ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Кобул дар ин бора дархост фиристодааст ва то ҳол дар ин бора маълмот нест. Бино хабари вазорати дохилаи Афғонистон, террористҳои боздоштшуда барои анҷоми фаъолиятҳои террористӣ вориди Кобул шудаанд. Онҳо дар Вазиристони шимолӣ дар хоки Покистон тамрини тактикӣ ва террористӣ дидаанд.
XS
SM
MD
LG