Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил ба хуруҷи садҳо фаъоли ҷонибдори Фаластиниҳо шурӯъ кард. Ин фаъолон ду рӯзи пеш ҳангоми интиқоли маводи имдодӣ ба Навори Ғазза мавриди ҳуҷуми Командоси Исроил қарор гирифтанд ва боздошт шуданд.

Гурӯҳи аввалӣ иборат аз 120 шаҳрванди давлатҳои мухталифи мусалмонӣ тавассути пули Алленбай ба Урдун интиқол ёфтанд ва аз онҷо ба хонаҳояшон бармегарданд.

Сухангӯи хадамоти маҳбасҳои Исроил гуфтааст, ки беш аз сад тани дигар барои ихроҷ шудан ба фурӯдгоҳи Бен Гурион фиристода шуданд.

Дар изҳороти дафтари нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу омадааст, ки ҳукумат барнома дорад дар ду рӯзи дигар 630 фаъол аз 35 кишварро ба хонаҳояшон фиристад. Пажӯҳиши қазияи 50 тани дигар, ки гуфта мешавад дар задухурд бо Командос нақш доштаанд, идома дарад ва онҳо то анҷоми бозҷӯӣ дар боздошт боқӣ хоҳанд монд.

Ҳамла ба корвони маводи имдодӣ

Рӯзи душанбе дар ҷараёни задухурди Командоси Исроил бо фаъолони ҳуқуқи башар 9 тани мулкӣ кушта шуда ва як теъдод захмӣ шудаанд. Нирӯҳои Командос ба хотири ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи имдодӣ ба Ғазза бо бошандагони киштиҳо вориди даргирӣ шуданд.

Яке аз ихроҷшудаҳо, фаъоли Кувайтё Абдул Раҳмон Файлақавӣ дар марзи Урдун ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, “ин ҳуҷум комилан барбариёна буд. Онҳо аз силоҳҳои машрӯъ ва эҳтимолан ғайримашрӯъ истифода карданд. Дар ҳуҷум аз тирҳои резинӣ, нирӯи зинда, бомбҳои садоӣ ва гази ашковар ба кор бурда шуд. Онҳо ҳамчунин барои таҳти назорат даровардани киштӣ нафаронеро, ки дар саҳна буданд, бо калтаки резинӣ латтукӯб карданд."

Дар муқобил Исроил мегӯяд, ки бо он ки фаъолон аз корду табар ва силоҳи оташфишон ба кор бурданд, аскарони Командос маҷбур буданд аз худ дифоъ кунанд.

Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ

Ин ҳодиса ҳангомаи байнулмилалиеро ба бор овард, ки дар он Туркия бо маҳкум кардани исроил нақши калидӣ дошт. Туркия амалкарди исроилро дар ин ҳодиса "рафтори маргбор" унвон кард. Сафари киштии ҳомили маводи имдодӣ барои фаластиниҳои Ғазза аз Туркия оғоз гирифт ва аксари фаъолони киштӣ низ туркҳо буданд.

Гузоришҳо аз Туркия ҳоки аз онанд, ки маводи башардӯстонаро Ҷумбиши Фаластини Озод бо дастгирии як созмони хайрияи Исломии Туркия таҳия карда буд. Ин созмон як пароми собиқро харидорӣ кард, ки корвонро ба пеш мебурд ва ба гуфтае маблағи ҳангуфтеро барои ин сафар хайр кардааст.

Нашрияи Ню Йорк Таймс аз қавли мақомоти Исроил гуфтааст, ки Созмони исломии туркӣ бо гурӯҳи террористии Ал-Қоида робита доштааст ва ба Хаммос - гуруҳи ҳокими Ғазза кӯмак мекардааст. Исроил ҳамчун созмони исломиро маркази ҷамъоварии силоҳ унвон кардааст. Худи Созмони хайрияи исломӣ ин иддаоро рад мекунад.

Пуштибонии ИМА аз даъвати Шӯрои амният

Дар ҳоле, ки ҳар ду ҷониб ба сӯи якдигар ангушти иттиҳом баланд кардаанд, Иёлоти Муттаҳида дар пайи оромии ҷонибҳо шудааст. Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба ҷонибҳо ин гуна аломат дод:

"Туркия ва Исроил ҳар ду аз дӯстони хуби Иёлоти Муттаҳидаанд ва мо барои аз байн бурдани оқибатҳои ин ҳодисаи фоҷеабор бо ҳар ду ҷониб кор мебарем".

Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз даъвати Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати пажӯҳиши бетаъхир бетарафона, боварибахш ва ошкору рӯшани куштор дар киштии хайрия қотеъона пуштибонӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG