Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳидон аз як ҳамлаи мусаллаҳона болои посгоҳи милиса дар минтақаи Майхураи ноҳияи Варзоб, дар роҳи Душанбе — Хуҷанд, хабар медиҳанд. Тибқи хабарҳои тайидношуда дар ин даргирӣ як нафар аз кормандони интизомӣ кушта ё захмӣ шудааст.

Хабаргузории «Авесто» низ аз қавли манобеъи худ аз ин ҳамлаи мусаллаҳона ба як посгоҳи милиса дар ноҳияи Варзоб, дар чандкилометрии шимоли шаҳри Душанбе, хабар дода, ҳамчунин навиштааст, ки нерӯҳои ҳукуматӣ бар асари ин даргирӣ талафот додаанд.

Манобеи дигаре дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтанд, ки ин даргирӣ дар минтақаи Майхура, дар наздикии тунели Истиқлол сурат гирфитааст. Ин шоҳидон аз захмӣ шудани ҳадди ақал як корманди милиса хабар медиҳанд.

Аммо дар айни ҳол, мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ироаи ҳар гуна хабар дар ин замина худдорӣ мекунанд. Вале бархе манобеъ мегӯянд, нерӯҳои фаврӣ ба ҷои воқеъа эъзом шудаанд.

Чанд фарзия феълан дар робита ба ин қазия матраҳ аст. Яке ин ки гуфта мешавад, саворони як мошин дар минатқаи Майхура, нахостанд ба амри милиса итоъат кунанд ва ба сӯи милисаҳо тирандозӣ кардаанд. Ва ҳамлагарон гӯё қочоқчиёни маводи мухаддир будаанд.

Тибқи фарзияи дигар гӯё даргирӣ миёни худи кормандони вазорати дохила рух додааст, ки сабаби он маълум нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG