Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба посгоҳи пулис дар дараи Варзоб


Бино ба иттилои хабаргузории "Авеста", ба як посгоҳи пулис дар дараи Варзоб ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифтааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар миёни кормандони пулис талафоти ҷонӣ вуҷуд дорад, вале ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ин хабарро таъйид ё такзиб накардаанд. Ин ҳамла рӯзи чаҳоршанбе дар чандкилометрии Душанбе рух додааст ва манобеи ғайрирасмӣ дар ин бора ба "Авеста" хабар додаанд. Эҳтимоле ҳам вуҷуд дорад, ки ин тирандозӣ миёни ду гурӯҳи кормандони пулис рух дода бошад. Эҳтимоли дигар ин аст, ки мошини ҳомили маводи мухаддирро дар роҳ ба сӯи Хучанд нигоҳ доштаанд ва шахсони номаълум ба сӯи пулис оташ кушодаанд.
XS
SM
MD
LG