Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД дар Қафқоз машқҳои низомӣ баргузор мекунад


Хабаргузориҳои Русия мегӯянд, нируҳои вокуниши сареи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба нақша гирифтаанд, ки рӯзҳои 7-11-ӯми июн дар Қафқози Шимолӣ машқҳои низомӣ баргузор кунанд. Дар ин машқҳои низомӣ, ки зери номи рамзии "Кобалт-2010" мегузарад, роҳҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бар зидди терроризм тамрин мешавад. Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 ташкил шуд ва дар он Русияву Арманистон, Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистон узвият доранд. Нируҳои ин кишварҳо дар машқҳои "Кобалт-2010" ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG