Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон ҳамоно қаторҳои Тоҷикистонро нигоҳ медорад


Хабаргузории "Авеста" аз қавли ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" иттилоъ додааст, ки Узбакистон ҳамчунон 2 ҳазор вагони ҳомили бору колои Тоҷикистонро дар қаламрави худ нигоҳ медорад ва барои идомаи ҳаракат ба Тоҷикистон иҷоза намедиҳад. Дар ин бора Владимир Сабкалов-муовини аввали раиси ин ширкат хабар додааст. Ба гуфтаи вай, Узбакистон қавл дода буд, ки дар роҳи оҳан ба самти Хатлон ҳаракати 27 вагонро иҷоза медиҳад, вале танҳо 24 вагон ба Тоҷикистон расидааст, бо вуҷуди он ки ин қатор аз 41 вагон иборат будааст.
XS
SM
MD
LG