Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти ихроҷи ҷонибдорони Фаластин аз Исроил


Имрӯз Исроил ба ихроҷи як гурӯҳи тақрибан 700 нафарии фаъолони ҷонибдори Фаластин аз Исроил шурӯъ кард. Ин гурӯҳ дар ҷараёни амалиёти нируҳои баҳрии Исроил боздошт шуда буд ва гурӯҳ мехост бо корвони киштиҳои башарӣ муҳосираи чаҳорсолаи Навори Ғазаро бишканад. Дар ин амалиёт 9 нафар фаъолон кушта шуда буданд ва муносиботи Туркияву Исроил бадтар шуд. Беш аз 400 нафар фаъолон, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони Туркия мебошанд, дар автобусҳои Исроил ба фурудгоҳ интиқол дода шуданд, то аз он ҷо имрӯз бо ҳавопаймоҳо ба кишварҳояшон фиристода шаванд. Мақомоти Исроил гуфтаанд, шаҳрвандони Туркияро ҳавопаймои туркӣ ба ватанашон мебарад, ҳавопаймоҳое, ки худи Туркия барои онҳо фиристодааст. 124 нафари дигар аз 12 кишваре, ки бо Исроил равобити дипломатӣ надоранд, субҳи зуд дар автобусҳо ба Урдун фиристода шудаанд. Исроил гуфтааст, то нисфирӯзӣ дар зиндонҳои ҷануби Исроил 100 нафар хориҷиёни дигар низ будаанд.
XS
SM
MD
LG