Пайвандҳои дастрасӣ

Нурҳои нахустини офтоб дар муносиботи Бишкеку Тошкант


Мулоқоти намояндагони Қирғизистону Ӯзбакистон, ки дар шаҳраки Водили вилояти Фарғона масъалаҳои таъмини амнияти марзии миёни ин ду кишвар, истифодаи захираҳои об ва баҳрабардорӣ аз чарогоҳҳои марбути қаламрави Қирғизистонро дар меҳвари гуфтушунид қарор дода буд, натиҷаҳои мусбат ба бор овард.

Танку тӯпҳои Узбакистон аз марз мераванд

Чӯлпонбек Турусбеков, ноиби раиси хадамоти марзбонии қирғиз, ба радиои Озодӣ гуфт, гуфтушунид бо иштироки мақомоти раҳбарии хадамоти марзбонии ду кишвар, ҳамчунин раисони ҳукумати вилоятҳои Фарғонаву Ботканд ва сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии ин вилоятҳо ба вуқӯъ пайваст. Ҷаноби Турусбеков гуфт, ҷонибҳо ба чунин натиҷа расиданд, ки васоити низомии вазнини Ӯзбакистон аз қаламрави ноҳияи Сӯх бароварда шавад.

Як сокини ноҳияи Сӯх низ ба радиои Озодӣ таъйид кард, ки субҳи рӯзи 2-юми июн васоити низомии сақила қаламрави ноҳияи онҳоро тарк кард.

Бар асоси суханони ноиби раиси хадамоти марзбонии қирғиз, ба манзури ҷилавгирӣ аз ихтилофи байни сокинони ду тарафи марз дар муддати ду моҳ масъалаи иҳота кардани баъзе минтақаҳои марзӣ таҳти назар гирифта шуд. Қарор аст, ки дар мавриди сар назадани низоъҳо дар миёни сокинони ду самти марз барои истифода аз захираҳои об ва баҳрабардорӣ аз чарогоҳҳо чораҳои мушаххас пиёда шавад.

Посгоҳҳои иловагиро барҳам медиҳанд

Ба таъкиди Чӯлпонбек Турусбеков, баъзе посгоҳҳои иловагии Қирғизистону Ӯзбакистон аз байн бардошта хоҳанд шуд, ки равуои мардуми ду самти марзро халалдор месозанд. Вай гуфт, аммо посгоҳҳои марзбониву гумрукӣ, ки тибқи мувофиқаи ду тараф таъсис ёфтааст, ба хотири назорати мусофирон ва маводи мунтақила дар хати сайри Фарғона-Сӯх, Фарғона-Шоҳимардон, Риштон-Сӯх, Ӯш-Ботканд, Ӯш-Барак ва амсоли он боқӣ мемонанд.

Борон аз таниш пешгирӣ кард

Тибқи хабарҳои расида бо вуҷуди ба даст омадани натиҷаҳои мусбати гуфтушуниди байни намояндагони ҳукуматии Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар Фарғона масъалаи оби мардуми деҳаи Ҳушёр ҳамон бидуни ҳаллу фасл боқӣ мондааст. Гуфта мешавад, агар бориши борон киштзорҳои мардуми ин деҳа ва деҳоти дигари ҳаммарз бо рустоҳои вилояти Ботканд дар ноҳияи Сӯхро аз камбуди об наҷот намедод, маълум нест, ки мардуми ба шӯромада даст ба кадом амалҳои дигар мезад.

Як ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, мақомоти марзбонии Қирғизистон бояд таноби марзбонони худро кашад, дар акси ҳол онҳо таҳқири мардуми Сӯхро давом хоҳанд дод. Гуфта мешавад, шояд баъди гуфтушунид дар Фарғона шумораи посгоҳҳо коҳиш ёбад ва равуои мардуми Сӯх ба дигар минтақаҳои Ӯзбакистон аз тариқи қаламрави Қирғизистон соддатар шавад.
XS
SM
MD
LG