Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҷашни забони тоҷикӣ тағйир ёфт


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарор кардааст, ки рӯзи забони давлатӣ аз ин ба баъд на 22-юми июл, балки 5-уми октябр таҷлил шавад. 5 -уми октябри соли гузашта Қонуни нави забони давлатии Тоҷикистон қабул шуда буд. Зимнан, 5 -уми октябр, рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ҳаст.

Қонуни нави забони давлатӣ рӯзи 5-уми октбяри соли 2009 дар Маҷлиси намояндагон тасвиб шуда буд ва баҳсбарангезтарин нукта дар қонуни нав, ки лоиҳааш аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ҳазфи забони русӣ аз мақоми забони муоширати байни миллатҳо буд.

Бар пояи ин қонун ҳукумат муваззаф аст, ки забонро ба сифати як унсур ва рукни муҳими давлатдорӣ ҳифз ва барои истифодаи ҳатмии он дар қаламрави кишвар шароит фароҳам оварад. Мувофиқи қонуни нав тамоми намуди коргузорӣ ва таҳияи аснод дар ниҳодҳои давлатӣ бо забони давлатӣ сурат мегирад. Лавҳа, эълон ва шиору овезаҳои расмӣ низ бар пояи қонуни мазкур бояд бо забони давлатӣ навишта шавад.

Русӣ

Ҳазфи мақоми забони русӣ як силсила вокунишҳо дар расонаҳои Русияро ба бор оварда буд ва расонаҳои русӣ аз ин қонун интиқод карда буданд. Вале, дар ҳамин ҳол, мақоми забони русӣ ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо дар сарқонуни Тоҷикистон ҳифз шудааст.

Ва аммо мунаққидони ин нуктаи қонун мегуфтанд, ҳарчанд шумори русҳо ва русзабонҳо дар Тоҷикистон зиёд нест, вале дар муоширати байни миллатҳо нигоҳ доштани ин забон хуб мебуд. Онҳо мегуфтанд, дар шароити босуръати тағйироти технологӣ дастрасии мардум ба манбаъҳои иттилоотӣ бо забони русӣ осонтар аст.

Ин нуқтаи қонунро бархе ҳам монеъае дар муносиботи Тоҷикистон Русия номида буданд.

Форсӣ

Нахустин қонуни забони давлатии Тоҷикистон дар соли 1989 дар замони Шӯравӣ қабул шуда буд, ва он вожаи форсиро низ дошт. Вале дар қонуни нав пешниҳодҳо оид ба иловаи вожаи форсӣ дар номи забон қабул нагардид.

Иловаи вожаи форсӣ пешниҳоди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва ба гуфтаи раисаш Муҳиддин Кабирӣ, далели ин пешниҳод ҳам “меросбари қонунии тамаддун ва осори таърихии муштарак бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамҷавор маҳсуб шудан” буд.

Дар пайи тасвиби қонуни нави забон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис ва раиси он забоншинос Додихудо Саймуддинов таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG