Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони ҷонибдори Фаластин аз Исроил ихроҷ шуданд


Даҳҳо нафар фаъолони ҷонибдори Фаластин дар ҷараёни амалиёти боздошти нируҳои Исроил дастгир шудаанд. Ин боздоштҳо замоне анҷом гирифтааст, ки кӯмакҳои башарӣ баъд аз ихроҷ аз Исроил вориди Урдун шудаанд. 124 нафар фаъолон аз 12 кишвар, ки аксари онҳо бо Исроил равобити дипломатӣ надоранд, савори 7 автобуси урдунӣ вориди хоки Урдун шудаанд. Набил ал Шариф-сухангӯи ҳукумати Урдун мегӯяд, дар ин гурӯҳ 30 урдунӣ низ будаанд. Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил дар эъломияе гуфтааст, ихроҷи ин гурӯҳ шаби сешанбе оғоз ёфта буд ва ҳадафи он ихроҷи фаъолони ҷонибдори Фаластин дар давоми 48 соати оянда будааст.
XS
SM
MD
LG