Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши тоҷикон бар зидди Исроил пароканда шуд


Дирӯз гурӯҳе аз шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон ба нишонаи эътироз бар зидди ҳамлаи нируҳои баҳрии Исроил ба корвони кӯмакҳои башарии муттааллиқ ба Навори Ғазаи Фаластин дар назди сафоратхонаи Исроил дар Маскав гирдиҳам омаданд. Иззат Холов-яке аз ширкаткунандагони ин гирдиҳамоӣ ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Ташкилоти руссиягии Маҷлис, ки як ташкилоти ҷамъиятист, аз мо даъват кард, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкат варзем. Мо ҳудудан 20 нафар ҷамъ шудем ва хостем, ки андешаҳои худро пиромуни ин ҳодиса бигӯем. Дар назди сафорати Исроил дар Маскав ҷамъ шудем. Чанд нафар сӯҳбат кардем. Якбора пулиси Маскав омаду чанд нафар аз бародарони моро гирифт. Ба ҳар ҳол ҷарима буду бо ҳамин мо пароканда шудем".

Иззат Холов афзуд, созмони ҷамъиятии онҳо бо номи "Миллат" омода аст дар як гирдиҳамоии дигар, ки дар ҳамин робита бо иҷозаи ҳукумати Маскав 5-ӯми июн баргузор мешавад, ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG