Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави зиддифасод дар Тоҷикистон


Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қонуни наверо дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар ниҳодҳои давлатӣ қабул кард.

Ин қонун барои пурзӯр кардани назорати маблағҳои буҷавӣ дар ниҳодҳо ва сохторҳои далватӣ заминаҳои қонунӣ фароҳам меорад. Ҳамчунин дар ин ниҳодҳо идораҳои вижаи масъул созмон дода хоҳанд шуд.

Истифодаи ғайримуассири маблағҳои буҷавӣ дар ниҳодҳои давлатӣ аз мояи нигарониҳоест, ки аз ҷумла дар сӯҳбатҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ зикр мешуд.

Қонуни нав аз панҷ боб ва 16 модда иборат буда, иҷроишаш зери назорати бевоситаи раиси худи идораи давлатӣ бояд бигзарад. Тибқи қонун дар ниҳодҳое, ки беш аз 800 корманд доранд, аудит ташкил хоҳад шуд. Ин идораҳои тозатаъсис сирф дохилӣ буда, Оҷонсии мубориза бо фасод ба он коре надоштааст, ки яке аз мавзӯъҳои баҳс дар порлумон гардид.

Баҳси қонуни нав

Қонуни идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ, ки аз сӯи вазорати молияи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, дар парлумон баҳсу талошҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Иддае аз намояндагони парлумон ба он далел, ки назорати молиявии корхонаву муассисаҳои давлатии Тоҷикистонро Оҷонси мубориза бар фасод ва ҷароими молиявӣ бар ӯҳда дорад, зарурати ҳамчунин як қонунро таҳти шакку гумон қарор доданд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, барои ӯ маълум аст, ки ин қонунро Иттиҳоди Аврупо тақозо кардааст, то дар соли 2010 ба буҷаи Тоҷикистон 18 миллион евро кӯмак кунад.

Вай аз таҳиякунандагони қонун чунин суол кард, ки «оё Иттиҳоди Аврупо аз истифодаи мақсаднок ё идоракунии маблағҳои давлатӣ чӣ ташвиш дорад?»

Дар посух ба ин суол Ҷамшед Норинов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ки қонунро дар парлумон муаррифӣ мекард, гуфт, «тибқи иттилои Оҷонси мубориза бар фасод ва назорати молиявӣ, солҳои ахир истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ, аз худ кардани маблағҳо ва талафи амвол дар корхонаҳои буҷавӣ зиёд шуда истодааст. Мақсад аз қонун ин аст, ки ҳар як роҳбари корхона барои истифодаи маблағҳо масъулияти зиёд дошта бошад».

Зимнан, тибқи иттилои Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасоди Тоҷикистон, дар соли 2009 70,5 миллион сомонӣ маблағи буҷа ғайриқонунӣ аз худ шуда, фақат 38 миллион сомонӣ барқарор шудааст.

Боз як ниҳоди назоратӣ

Бар асоси Қонуни идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ дар ҳар корхонаву муассисаи вазорату идораҳои буҷавӣ ниҳоде созмон меёбад, ки назорати муҳосиботи онро ба зимма дошта, ҳар семоҳа ба раиси муассиса ва раиси муассиса ба вазорату идораи зидахл ҳисобот пешниҳод мекунад ва дар навбати худ, ниҳоди нозир то 1 апрели ҳар сол ба Вазорати молия ҳисобот пешниҳод мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, намояндаи Ҳизби коммунист дар парлумон вуҷуди ҳамчунин як ниҳодро таҳти суол бурд. Вай гуфт, «вақте ки ин ниҳод худаш худашро назорат мекунад ва ин қадар корманд ба ин кор ҷалб мешавад, пас чӣ натиҷа хоҳад дод ин ташкилот? Дар чунин шароити бӯҳронӣ мо бояд дуруст андеша кунем, ки афзудани кормандони нозир ба чӣ натиҷа меорад».

Талбак Исмоилов, муовини Кумитаи иқтисод ва молия, ки тарҳи қонунро ба парлумон тавсия кард, гуфт, теъдоди кормандон афзоиш нахоҳад ёфт, балки тақозо аз раҳбари муассисаву муҳосиботаш пурзӯр хоҳад шуд.

Вай афзуд, «дар сурати набудани аудити дохилӣ ҳамон ташкилоте, ки пулро гирифтааст, вай аудит даъват мекунад, ки ӯ дар асоси талаботи меъёрҳое, ки мақомоти зидахл даъват кардааст, ана ҳамин маблағи муайянеро, ки аз буҷет гирифтааст, таҳлил карда, дар назди роҳбар мемонад, ки ана ин мақсаднок истифода мешавад ё намешавад».

Ваколатҳои ниҳоди нав


Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи ҲНИТ дар парлумон, бар ҳамгунии вазифаҳои ниҳоди нави назорати молиявӣ бо Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод ишорат карда, суол кард, ки фаъолияти ин ниҳод бо қонуни мазкур маҳдуд намешавад?

Дар посух ба ин суол Ҷамшед Норинов, муовини вазири молия гуфт, ниҳодҳои мавриди назар дар корхонаву муассисаҳои давлатӣ аз дохил ва Оҷонс аз хориҷ маблағҳои буҷавиро назорат хоҳанд кард, аммо Оҷонс ҳақ дорад, ҳар ду сол фаъолияти ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистонро тафтиш кунад.

Муаллифон зарурати Қонуни идоракунии молиявӣ ва назорати дохилиро ба иҷроиши фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, ки вазирон ва раҳбарони идораҳои давлатиро посухгӯи қонунии фасод дар ниҳодашон карда буд.

Тадбирҳои намоишӣ алайҳи фасод

Зимнан, Тоҷикистон дар раддабандии Созмони байнулмилалии шаффофият ё Transparency international аз 180 зина дар мақоми 151 ва дар шумори кишварҳои фасодзада ҷой гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, тадобири ҳукумат дар мубориза ва рӯи кор омадани ҳар гуна қонун алайҳи фасод ҷанбаи намоишӣ дорад.

Вай гуфт, «бояд ё ҳадафи асосӣ бошад, ё иродаи сиёсӣ. Дар Тоҷикистон ба ҷои иродаи сиёсӣ дар мубориза алайҳи фасод тақлиди мубориза алайҳи фасод ба роҳ монда шудааст ва ин на барои дохил, балки истеъмоли берун пешбинӣ шудааст. Манзур ҳам ин аст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳанд, ки дар Тоҷикистон мубориза алайҳи фасод пурзӯр мешавад. Мо бисёртар тақлид мекунем ба ҷои он ки дар ҳақиқат мубориза барем».

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар фасод ва ҷароими молиявӣ соли 2007 Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасодро ташкил дод ва ҳоло дар худи корхонаву муассисаҳо ниҳодҳои назоратӣ ташкил хоҳанд шуд.

Дар баҳси парлумонӣ рӯи Қонуни идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ ҳамчунин зикр шуд, ки дар Маҷлиси намояндагон боз як қонуни аудити дохилӣ таҳти баррасист, ки низ ба назорати истифодаи маблағҳои давлатӣ рабт хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG