Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷик бо иттиҳоми терроризм дар Кобул


Вазорати корҳои дохилии Афғонистон эълон кардааст, ки як гурӯҳи террористии иборат аз атбоъи Покистону Русия ва Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Афроди боздоштшуда, ба бовари мақомоти афғон, қасди анҷоми амалҳои террористиро доштаанд.

Хабаргузории "Бохтар" бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон исмҳои ин боздоштшудагонро низ эълон кардааст: Хиёл Ҷамол, Илёс Каримов ва Ноил Каев. Аз саввумӣ ҳамчун Аҳмад низ ном бурда мешудааст.

Хабаргузории афғонӣ менависад, ин се нафар дар ҷараёни бозпурсӣ дар сар доштани қасди анҷоми як силсила ҳамалоти террористӣ дар Багроми вилояти Парвон, дар шимоли Кобулро иқрор кардаанд.

Бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Афғонистон маҳз дар Багром мустақар шудааст. Гуфта мешавад, ин гурӯҳ дар минтақаи Пули Маҳмудхони Кобул боздошт шуда, дар яке аз тамрингоҳҳои гурӯҳҳои чирикӣ дар Вазиристони шимолии Покистон тамрин гирифта будаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардаанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ пайгири ин қазия мебошанд ва ҳар хабаре, ки дар ин замина дарёфт карданд, дар торнамо нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG