Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як тоҷик бо иттиҳоми терроризм дар Кобул


Бино ба гузориши хабаргузории расмии “Бохтар”-и Афғонистон, мақомоти иктишофии ин кишвар як гурӯҳи террористии иборат аз атбоъи Покистону Русия ва Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Ин гурӯҳ аз 3 нафар – Хиёл Ҷамол, Илёс Каримов ва Ноил Каев иборат буда, ба гуфтаи мақомоти иктишофӣ, дар ҷараёни бозпурсӣ дар сар доштани қасди анҷоми як силсила ҳамалоти террористӣ дар улусволии Багроми вилояти Парвон, дар шимоли Кобулро иқрор кардаанд.
Бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Афғонистон маҳз дар Багром мустақар шудааст. Гуфта мешавад, ин гурӯҳ дар минтақаи Пули Маҳмудхони Кобул боздошт шуда, дар яке аз тамрингоҳҳои гурӯҳҳои чирикӣ дар Вазиристони шимолии Покистон тамрин гирифта будаанд.
XS
SM
MD
LG