Пайвандҳои дастрасӣ

Истифода аз пойгоҳи Манас маҳдуд шудааст


Низомиёни Амрико таъмини ҳавопаймоҳо бо маводи сӯхт дар пойгоҳи ҳавоии Манаси Қирғизистонро дар пайи шурӯъи музокироти дуҷониба бар сари ин қарордод мутаваққиф кардаанд. Сухангӯи Пентагон Браян Витман гуфт, пойгоҳи Манас ҳамоно фаъол аст, вале ҳавопаймоҳои сӯхтбар танҳо дар пайи ахзи тавофуқи ҷадид дар ин пойгоҳ хоҳанд нишаст. Дар посух ба ин суол, ки ҳукумати муваққати Қирғизистон нархи баландтар талаб доранд ё хайр, Витман гуфт, “ҳамин кофист, ки онҳо коҳиши нархи маводи сӯхтро пешниҳод намекунанд.” Амрико пойгоҳи ҳавоии Манасро аз поёни соли 2001 ба манзури таъмини амалиётҳояш дар Афғонистон истифода мебарад.
XS
SM
MD
LG