Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷиргаи сулҳ имрӯз оғоз ба кор мекунад


Давлати раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз дар Кобул Ҷиргаи серӯзаи сулҳро ифтитоҳ хоҳад кард, ки интизор меравад, дар он ҳудуди 1600 вакил аз саросари ин кишвари ҷангзада ширкат биварзанд. Мавзӯъи аслии баҳс дар Ҷиргаи сулҳ барномаи оштиву ҳамоишест, ки Карзай дар 36 саҳифа пешниҳод кардааст. Ин нишаст бахше дигар аз талошҳои давлати Карзай ба манзури ҷалби ҳимояти мардум, аз ҷумла тарафдорони ҷунбиши Толибон маҳсуб мешавад.
Дар арафаи оғози кори Ҷиргаи сулҳ рақиби Карзай дар интихоботи ахир доктор Абдуллоҳ эълон кард, ки ӯву тарафдоронаш дар ин ҳамоиш ширкат нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG