Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши расмӣ дар бораи қарзҳои Тоҷикистон


Вазорати молияи Тоҷикистон дирӯз гузориши вижааш дар бораи вазъи қарзҳои хориҷии кишвар дар соли гузаштаро муаррифӣ кард. Бино бар ин гузориш, то 1 январ қарзи хориҷии Тоҷикистон 1 миллиарду 691 миллион долларро ташкил додааст, ки муодили қариб 36 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилист. Наздики 631 миллион доллар аз ҷамъи қарзҳои Тоҷикистон ба Эксимбонки Чин тааллуқ дошта, Душанбе ҳамин тавр аз Бонки ҷаҳонӣ 372 миллион, аз Бонки осиёии рушд – 302 миллион ва аз Бонки исломӣ 75 миллион доллар қарздор будааст. Тоҷикистон ҳамчунин аз кишварҳое, чун Узбакистону Кувайт, Эрону Саудияву Амрико ва аз Иттиҳодияи Аврупову Сандуқи байналмилалии пул қарз гирифтааст. Соли гузашта барои пардохти як бахши ин қарзҳо ва фоизи қарзҳои боқимонда 127 миллион доллар масраф шудааст.
XS
SM
MD
LG