Пайвандҳои дастрасӣ

Бистарӣ шудани як тоҷики мубтало ба полио дар Русия


Дар вилояти Свердловски Русия нахустин мавриди гирифтории як муҳоҷири тоҷик ба вируси полиомелит ташхис шудааст. Гуфта мешавад, ин мардикори 19-сола, ки дар як сохтмон кор мекард, дар поёни моҳи апрел аз Тоҷикистон омадааст. Ба дунбол, мақомоти Свердловск ҷиҳати воксинзании ҳатмии ҳамаи шаҳрвандони тоҷики муқими ин минтақа аз полиомелит дастур дода, ба ин манзур тақрибан 50 000 воксини зидди фалаҷи кӯдак таҳия кардаанд. Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақаи Урали Русия 15 000 нафар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG