Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия аз Амрико ҳарфи маҳкумият мехоҳад


Туркия аз Амрико тақозо кард, ки амалиёти Исроил алайҳи киштиҳои ҳомили кӯмак ба навори Ғазаро, ки мунҷар ба ҳалокати 9 фаъол бо дасти асокири исроилӣ шуд, маҳкум кунад.
Вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлу дар арафаи мулоқоташ бо ҳамтои амрикоии худ Ҳилларӣ Клинтон ба хабарнигорон гуфт, Туркия аз шеваи вокуниши маъмурияти Барак Обама ба ин амалиёт мутаассиф шудааст.
Бо ин ҳол, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар як ҷаласаи изтирорӣ пешниҳоди анҷоми таҳқиқи байналмилалии қазияи рӯзи 31 майро баррасӣ кардааст. Қаблан Шӯрои Амнияти СММ низ ин амалиётро маҳкум кард ва хостори таҳқиқи холисона ва шаффофи қазия шуд.
XS
SM
MD
LG