Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи интихоботи Ироқ тасвиб шуд


Додгоҳи олии Ироқ натоиҷи интихоботи парлумонии 7 мартро тасвиб кард. Тасвиби натоиҷи интихобот эътилофи дунявигарои Ироқияи сарвазири собиқ Иёд Алавиро барандаи аввали он раъйгирӣ эълон мекунад. Ин ҳукми додгоҳ дар пайи бозшумории орои Бағдод ва радди салоҳият шудани номзадҳои марбут ба ҳизби Баъси Саддом Ҳусейн содир шуд.
Аммо ин ҳанӯз ба маънои аз бунбасти сиёсӣ берун шудани Ироқ нест, чунки тасвиби кобинаи нави вазирон аз сӯи вакилони парлумон чанд ҳафтаи дигарро дар бар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG