Пайвандҳои дастрасӣ

Ал Гор аз ҳамсараш ҷудо мешавад


Бино ба хабарҳои расида аз Амрико, собиқ ноиби раиси он ҷумҳурӣ Ал Гор ва ҳамсари ӯ Типпер мехоҳанд баъд аз 40 соли издивоҷ ҷудо шаванд. Кейлӣ Крейдер, мушовири хонаводаи Горҳо ин хабарро таъйид кард ва гуфт, Ал ва Типпер Гор аз ҷомиа хостаанд, ба дахлнопазирии ҳаёти хусусии онҳо эҳтиром гузоранд. Ал Гор дар аҳди президентии Билл Клинтон ноиби ӯ буд, вале рақобатро дар интихоботи соли 2000 ба Ҷорҷ Буши хурдӣ бохт. Ӯ дар соли 2007 барои талошҳояш дар самти мубориза бо тағйири иқлим соҳиби ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Ҳамон сол филми мустанади “Ҳақиқати нохуш”, ки низ ба тағйири иқлим ихтисос ёфта буд, барои Ал Гор ҷоизаи мӯътабари “Оскар”-ро ҳам овард.
XS
SM
MD
LG