Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрон ба хароҷоти низомӣ таъсири зиёд надоштааст


Бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба масрафоти низомии кишварҳои дунё таъсири чандоне надоштааст. SIPRI, Пажӯҳишгоҳи сулҳи байналмилалии Стокҳолм мегӯяд, тайи соли гузашта ҷамъи масрафоти низомии ҷаҳон 1,5 триллион долларро ташкил дод, ки ба сари ҳар сокини сайёра 224 доллар рост меояд. Гуфта мешавад, хароҷоти низомӣ назар ба соли 2000 49 фоиз афзудааст. Ба ҳисоби SIPRI, 43 дарсади масрафоти низомии ҷаҳон марбути Амрикост, ки соли 2009 барои аҳдофи низомӣ 661 миллиард доллар сарф кардааст. Чин бо 100 миллиард доллар ё худ тақрибан 6,6 дарсад аз ҷамъи хароҷоти низомии дунё дар мақоми баъдист.
Фаронсаву Бритониёву Русия, Ҷопону Олмон, Арабистони Саудӣ ва Ҳинду Итолиё низ дар даҳгонаи аввали масрафкунандагони низомӣ ҷой гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG