Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе барои роҳи оҳани Панҷи поён сармоя меҷӯяд


Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи сармоягузории барномаи эҳдоси роҳи оҳани Колхозобод –Панҷи поёнро таҳия кардааст, ки тӯлаш тақрибан 50 километр аст. Мақомоти ин вазорат ба хабаргузории “Авасто” гуфтаанд, роҳи оҳани Колхозобод-Панҷи поён аз аҳамияти вижаи минтақавӣ бархӯрдор аст, чунки дар оянда Эронро тавассути Афғонистон бо Тоҷикистону Қирғизистон ва Чин хоҳад пайваст.
Бар асоси тавофуқи миёни Душанбеву Теҳрон, дар оянда эҳдоси як хатти роҳи оҳан аз Эрон тавассути Афғонистон дар назар дошта шудааст, ки дар Панҷи Поён ба хутути роҳи оҳани Тоҷикистон васл хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG