Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезиҳои шадид дар вилояти Алма-Атои Қазоқистон


Бар асари обхезиҳо дар вилояти Алма-Атои Қазоқистон дастикам 38 манзил тахриб шудааст. Офати табиӣ бештар ба манотиқи атрофи Талдиқӯрғон, маркази ин вилоят хисорот ворид карда, вале хушбахтона, ягон талафоти ҷонӣ ба бор наовардааст. Бино ба хабарҳо, сатҳи об дар рӯди Қаратол башиддат боло рафта, сарбандро дар минтақаи Еркино тахриб кардааст. Рӯзи 27 май бар асари обхезӣ 54 манзил дар ноҳияи Сариоғоши вилояти Қазоқистони ҷанубӣ тахриб шуда, беш аз 260 нафарро аз ин минтақа ба маҳалли амнтар кӯчонданд.
XS
SM
MD
LG