Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти "гурӯҳи террористҳо"-и тоҷику рус дар Кобул


Хабаргузории «Бохтар»-и Афғонистон бо истинод ба Вазорати умури дохилии ин кишвар иттилоъ додааст, ки мақомоти амниятии Афғонистон як гурӯҳи террористҳои иборат аз шаҳрвандони Покистон, Тоҷикистон ва Русияро дар шаҳри Кобул боздошт кардаанд. Мақомоти Вазорати умури дохилии Афғонистон номи ин афродро Хиёл Ҷамол, Илёс Каримов ва Ноил Каев номидааст. Боздоштшудагон ҳангоми бозпурсӣ иқрор кардаанд, ки тасмим доштаанд, дар минтақаи Багроми вилояти Парвон як силсила амалиёти террористиро пиёда созанд. Ҳадафи эҳтимолии ин гурӯҳ пойгоҳи низомии Амрико унвон мешавад, ки дар минтақаи Багром воқеъ аст. Ба гуфтаи Вазорати умури дохилии Афғонистон, боздоштшудагон дар марокизи террористии Вазиристони Шимолии Покистон тамрин дидаанд. Хабари боздошти тоҷикҳои марбут ба ҳаракати Толибон бори аввал нест. Қаблан вазири умури дохилии Покистон Абдураҳмон Малик ҳини дидор аз Тоҷикистон иброз карда буд, ки дар вилояти Вазиристони ин кишвар ҷангҷӯёни тоҷику узбак бар зидди нерӯҳои давлатии Покистон меҷанганд ва баъзе аз онҳо ба асорат гирифта шудаанд. Дар байни толибони маҳбус дар зиндони Гуантанамо низ 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ки аксари онҳо то имрӯз ба ватан баргаштаанд. Ба иттилои расонаҳои хабарии байналмилалӣ, нерӯҳои тоҷикӣ, ки дар ҳайати Толибон қарор доранд, аз гурӯҳҳои Ҳаракати исломии Узбакистон иборатанд. Бархеи сарчашмаҳо мегӯянд, иддае аз тоҷикҳои собиқ муҳассили мадрасаҳои Покистон низ ба ҳаракати Толибон ҷалб шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи боздошти гурӯҳи террористҳо, ки яке аз онҳо шаҳрванди ин кишвар унвон шудааст, то ин соат вокунише нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG