Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри сабти гуфтӯгуи халабонҳои ҳавопаймои Качинский


Ҳукумати Лаҳистон имрӯз сабти гуфтугӯҳои лаҳзаи ахири халабонҳои ҳавопаймои Лех Качинский раиси ҷумҳури фақидро нашр кард, ки ин ҳавопаймо рӯзи 10 апрел суқут кард ва 95 мусофирашро кушт. Сабти гуфтӯгуҳо нишон медиҳад, ки халабонҳоро пеш аз суқути ҳавопаймо даҳҳо маротиба ҳушдор медиҳанд, то ки ба боло ҳаракат кунад, зеро суқут хоҳанд кард. Ҳавопаймои Лаҳистон ҳангоми ҳавои ғуборолуда дар наздикии шаҳри Смоленск суқут кард. Охирин садои сабт, нафрини идомадори фарди ношиносе дар дохили кабинаи ҳавопаймост.
XS
SM
MD
LG