Пайвандҳои дастрасӣ

Латукӯби раиси иттиҳодияи омӯзгорони Эрон дар зиндон


Масъуд Шафиъӣ, вакили дифоъи Расул Бодақӣ, раҳбари Иттиҳодияи омӯзгорони Эрон мегӯяд, ки фарди зери ҳимояти ӯро дар зиндон латукӯб кардаанд. Расул Бодақӣ ба вакили дифоъаш гуфтааст, ҳафтаи гузашта се узви Сипоҳи посдорони инқилоб ба ӯ дар зиндон ҳамла кардаанд. Масъуд Шафиъӣ мегӯяд, мақомот ҳеҷ далели қонунӣ барои нигаҳ доштани Расул Бодақӣ дар зиндон надоранд ва танҳо коре ки ӯ кардааст, барои беҳбуди вазъи омӯзишу парвариш дар Эрон будааст. Расул Бодақӣ, моҳи сентябри соли 2009 бо гуноҳ баргузории “иқдом алайҳи амнияти миллӣ” ва тарғибот алайҳи низоми исломӣ ба зиндон маҳкум шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG