Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвири юриши Исроил аз сӯи фаъолони башарӣ


Фаъолони башарии аврупоӣ, ки баъди юриши нерӯҳои махсуси Исроил ба киштии кӯмакҳои имдодии озими Навори Ғазза раҳо шуданд, мегӯянд, шоҳиди бархӯрди дурушти нерӯҳои Исроил бо фаъолони тарафдори фаластиниён буданд. Ба гуфтаи онҳо, нерӯҳои исроилӣ, ба сӯи фаъолони башарӣ тирҳои резинӣ меандохтанд, латукӯб мекарданд ва ва ё ба шоки барқӣ мезаданд. Фаъолони юнонӣ мегӯянд, ҳатто бо онҳое, ки муқовимат намекарданд, чунин рафтор мешуд. Ба гуфтаи ҳамин фаъолон мақомоти исроилӣ пеш аз раҳоӣ онҳоро маҷбур карданд, то санадеро, ки намефаҳмиданд, имзо кунанд. Дар натиҷаи юриши Исроил дасти кам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Вакилони порлумони Олмон, ин иддаъои Исроилро рад кардаанд, ки мегӯяд, баъзе аз фаъолони тарафдори фаластиниён мусаллаҳ буданд. Корвони киштиҳои кӯмакҳои башарӣ саъй дошт, то муҳосираи чаҳорсолаи иқтисодии Исроилро шикаста ва ба Навори Ғазза кӯмаки башарӣ бирасонад.
XS
SM
MD
LG