Пайвандҳои дастрасӣ

Доктор Абдулло дар "Ҷиргаи сулҳ" ширкат намекунад


Абдулло Абдулло, мӯътабартарин раҳбари мухолифини Афғонистон, эълом кард, ки ӯ ва тарафдоронаш дар “Ҷиргаи сулҳ” дар Кобул ширкат нахоҳанд кард. Ҳадаф аз ин нишасти серӯза, фароҳам кардани замина барои музокирот бо Толибон аст. Доктор Абдулло, вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон, машрӯъияти “Ҷиргаи сулҳ”-ро зери суол бурд ва гуфт, ин ҷиргаро бойкот намекунад, вале дар он ширкат ҳам нахоҳад кард. Як ҳазору шашсад намояндаи нишаст, як барномаи 36 саҳифагии раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзайро баррасӣ хоҳанд кард, ки ҳадафи он оғози музокироти оштӣ миёни гурӯҳҳои душман дар Афғонистон аст. Ҷиргаи сулҳ фардо баргузор мешавад ва баъди аз суқути Толибон дар соли 2001 бори саввум аст, ки сурат мегирад. Гурӯҳи Толибон гуфтааст, як шарти аслии онҳо барои музокироти сулҳ дар Афғонистон, тарки ин кишвар кардани нерӯҳои хориҷист.
XS
SM
MD
LG