Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои саёҳату варзиш


Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Туризм ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангии исломӣ», ки дар шаҳри ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ширкат варзид.

Дар ҷараёни ин сафар Маликшо Неъматов бо Султон ибн Салмон ибн Абдулазиз, раиси Созмони умури саёҳат ва осори таърихии Арабистони Саудӣ, мулоқот кард.

Ба иттилоъи ҷаноби Неъматов, дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи саёҳат ва ҳифзи мероси фарҳангӣ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои судманди дуҷониба иброз доштанд. Ҳамзамон мувофиқа гардид, ки лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳо таҳия ва барои имзои ҷонибҳо омода карда мешавад.

Ҷаноби Неъматов мегӯяд, Султон ибн Салмон ибн Абдулазиз иброз дошт, ки дар бораи кишвари Тоҷикистон аз дӯстонаш зиёд шунидааст ва мақсад дорад, ҳамчун сайёҳ ба ин кишвари зебо сафар намояд.

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба Арабистони Саудӣ, инчунин, дар шаҳри Ҷидда бо Султон ибн Фатҳ ибн Абдулазиз, вазири варзиш ва ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии Арабистони Саудӣ, мулоқот анҷом дод.

Ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи шартномаи ҳамкориҳои мутақобиларо дар соҳаи варзиш пешниҳод намуд, ки баъди баррасӣ дар мӯҳлатҳои наздик ба имзо расонида хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Неъматов, Султон ибн Фатҳ ибн Абдулазиз салому паёми худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар фиристода, омодагии комили худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуд.
XS
SM
MD
LG