Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон сокинони деҳаи Ҳушёрро айбдор медонад


Чулпонбек Турусбеков, ноиби раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон, сокинони рустои Ҳушёри ноҳияи Сӯхи Узбакистонро дар аъмоли тахрибкорона алайҳи мардуми кишвараш муттаҳам кардааст.

Ба гуфтаи ин мақоми хадамоти марзбонии қирғиз, бошандагони деҳаи Ҳушёр исроркорона талаб кардаанд, ки аз талу теппаҳои марбути Қирғизистон бидуни монеа истифода хоҳанд кард ва касе аз ҷониби муқобил ҳақ надорад, ки дар ин маврид ба онҳо мавонеъ эҷод кунад.

Баҳс сари чарогоҳҳои марзӣ

Тоштемир Эшалиев, як мақоми дастгоҳи ҳукумати вилояти Ботканд, мегӯяд, аз соли 2006 аз Ӯзбакистон дархост мешавад, ки дар мавриди истифодаи чарогоҳҳои марбути Қирғизистон аз тарафи сокинони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона як санади муштарак ба имзо расад.

Мавсуф гуфт, вале ҷониби Ӯзбакистон ҳамеша имзои ин санадро ба таъвиқ мегузошт ва ахиран аз имзои санади мазбур худдорӣ кард. Вай апфзуд, «аз ин лиҳоз ҳукумати вилояти Ботканд марзбонони худро муваззаф намуд, ки аз ба чарогоҳҳои марбути Қирғизистон баровардани чорвои мардуми ноҳияи Сӯх ҷилавгирӣ кунанд».

Тоштемир Эшалиев мегӯяд, марзбонони қирғиз тибқи дастури ҳукумати кишвараш сокинони деҳаи Ҳушёрро нагузоштаанд, ки чорвои худро ба талу теппаҳои атроф бароранд ва ин боиси норизоии шаҳрвандони кишвари ҳамсоя шудааст.

Низоъ дар марз

Бояд гуфт, ки сокинони анклави Шоҳимардони вилояти Фарғона, ки дар иҳотаи ноҳияи Қадамҷо воқеъ гаштааст, маҳз бо истифода аз посгоҳи Қадамҷо-Водил ба марзи Ӯзбакистон ворид мешаванд.

Дар ҳоле ки хабаргузориҳо аз вуруди ҳазор нафар низомиёни мусаллаҳи Ӯзбакистон ба ноҳияи Сӯх иттилоъ пахш намуданд, вале Чулпонбек Турусбеков, ноиби раиси хадамоти марзбонии қирғиз ин иттилоъро такзиб кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз тариқи посгоҳи «Қайтмас», ки шаҳри Қӯқанди Ӯзбакистонро бо вилояти Ботканд васл мекунад, дар ҳудуди 30 ё 40 нафар милиса ба Сӯх равона шудаанд, ки аз ҳаводиси ногувор ҷилавгирӣ кунанд.

Ҷазирақаламравҳо – сарчашмаи нооромиҳо?

Қорибек Бойбосунов, мудири маркази таҳқиқотии масоили глобализатсионии Қирғизистон, мақараш дар Бишкек мӯътақид аст, ки мавҷудияти анклавҳои Ӯзбакистон дар қаламрави Қирғизистон сарчашмаи ташаннуҷи авзоянд. Ба гуфтаи оқои Бойбосунов, маҳз ҳамин анлавҳо дар эҷоди вазъияти норром нақши муҳим мебозанд. Ба таъкиди ӯ, Қирғизистон бар асари чунин нооромиҳо метавонад як қисми марзи худро аз даст диҳад.

Бино ба хабари дафтари матбуоти дастгоҳи ҳукумати вилояти Ботканд баъд аз рӯзи сешанбе дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбакистон гуфтушуниди дуҷонибаи миёни Қурманқул Матенов, раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон, бо намояндагони баландпояи хадамоти марзбонии Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд. Гуфта мешавад, ин гуфтушунид ба эътидол овардани вазъ дар минтақа, истифодаи захираҳои об ва чарогоҳҳои кӯҳиро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG