Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо масъалаи ҳуқуқи инсонро бо Русия матраҳ кард


Ҳерман Ван Ромпуӣ, президенти Иттиҳодияи Аврупо, дар нишасте бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия гуфт, Иттиҳодияи Аврупо аз вазъи фаъолони ҳуқуқ ва хабарнигорон дар Русия “ҷиддан нигарон” аст. Ван Ромпуӣ дар ин маврид баъди мулоқоташ бо Дмитрий Медведев дар ҳамоиши Русия ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Ростови соҳили Дон сухан гуфт. Вай афзуд, ки бо ҷаноби Медведев дар мавриди “фазои масуният” дар Чеченистон ва дигар қисматҳои Қафқози Шимолӣ гуфтӯгу кардааст. Равуои бидуни раводиди шаҳрвандони ду тараф ва навсозии иқтисоди Русия бахши дигаре аз дастури кори ҳамоиш буд. Ҳамоиши Русия ва Иттиҳодияи Аврупо дар замоне баргузор мешавад, ки аъзои ин хонавода ба бӯҳрони қарзӣ рӯ ба рӯ шудаанд ва саъй доранд, бо андешидани чораҳои дардноки молӣ аз ин бӯҳрон халос шаванд.
XS
SM
MD
LG