Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон иттилои нашркардаи ширкати Талко дар бораи тавлиду фурӯши алюминиюмро нокофӣ хонда ва гуфтааст, ин хабар ба нашри натиҷаи аудити Талко робитае надорад. СБП ҳамчунон хостори нашри аудити Талко аст.

Ва зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ як масъули намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Душанбе гуфт, ин ниҳоди молӣ ҳамоно мунтазири чопи натиҷаи аудит ва дарёфти нусхаи бозрасии байнулмилалии Талко аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон аст.

Мақомоти ширкати Талко рӯзи гузашта дар посух ба иддаои Люк Моерс, намояндаи СБП, ахбори мухтасаре роҷеъ ба анҷоми муҳосиботи худ нашр намуда ва инчунин таъкид намуданд, ки кори аудиторони ширкати "Moore Stephens"-и бритониёӣ баъди ворид намудани ислоҳоти лозим ба муҳосиботи молӣ аз тарафи ширкати аудитӣ ба поён мерасад ва он гоҳ хулосаи ин аудит нашр хоҳад шуд.

Худдории Талко аз нашри натиҷаи аудит

Аммо намояндагии СПБ дар Душанбе ҳамчунон мегӯяд, аудити ширкати Талко дар соли гузашта ба поён расида буд ва то ҳоли ҳозир бояд нашр мешуд. Нигаронии СПБ низ аз таъхир дар нашри ин гузориш аст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Талко гуфтаанд, барои нашри натиҷаи бозрасии байнулмилалӣ ҳануз дер нашудааст.

Аммо ин суол матраҳ шудааст, ки чаро ҳукумат ва корхонаи Талко аз чопи натиҷаи аудит худдорӣ мекунанд?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессори иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, «як қатор шахсони дар сатҳи боло буда маблағҳои калонро аз худ кардаанд. Ва чоп кардани натиҷаи аудит ин масъаларо равшан мекунад, ки ин масъулон ба манфиати ҷомеа кор мекунанд, ё барои кисаи худ. Ҳама гап дар ҳамин аст. Ширкати Талко бевосита ба президенти кишвар итоат мекунад. Ва аз ин найрангбозиҳое, ки дар пушти президент мегузарад, намехоҳанд, ки президент огоҳ шавад».

Ғайбзании маблағҳо дар бонкҳои афшорӣ

Зимни баррасии даъвои Талко дар додгоҳи Лондони Бритониё яке аз қозиёни додгоҳи бритониёӣ гуфта буд, ки теъдоде аз маблағҳои фурӯши алюминиюм дар бонкҳои минтақаи афшор гум мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, давлати Тоҷикистон барои пайдо кардани ин пулҳо талош накард. Гузашта аз ин саҳми корхонаи Талко дар буҷаи Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, ночиз аст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, «ба ҳисоби миёна гаронии андоз дар Тоҷикистон гӯё 35 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин сурат бояд корхонаи Талко ба буҷаи Тоҷикистон 350 миллион доллар ворид кунад. Аммо саҳми ин корхона дар буҷа аз 100 миллион доллар зиёд набуд ва ахиран камтар шудааст. Суол ин аст, ки ин маблағҳо куҷо меравад?»

Ин дар ҳолест, ки намояндагии СПБ ду навбат ба сурати хаттӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, натиҷаи аудити ширкати Талкоро нашр кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG