Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон даври саввуми ваксинзаниро шурӯъ кард


Дар Тоҷикистон имрӯз даври саввуми маъракаи ваксинзанӣ алайҳи бемории фалаҷи атфол шурӯъ шуд, ки ин беморӣ то кунун ба 129 нафар сироят кардааст. Моҳи гузашта ду даври маъракаи ваксинзании кӯдакони то 6 сола поён ёфт ва ҳамзамон бо шурӯъи даври саввум, марҳилаи аввали ваксинзании кӯдакони аз 6 то 15 сола оғоз шуд. Бино ба иттилоъи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, бар асари бемории полиомелит ва ё фалаҷи атфол то кунун бештар аз 10 нафар дар Тоҷикистон ҳалок шудаанд ва 432 нафар бо аломатҳои ҳамин беморӣ бистарӣ шудаанд. Ва имрӯз мақомоти Русия эълом карданд, ки дар шаҳри Екатеринбург вуҷуди вируси бемории полиомелит дар як шаҳрванди 19 солаи Тоҷикистон таъйид шудааст.
XS
SM
MD
LG