Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи хайрия барои кӯдакони навоҳии офатзада


Созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи кӯдакон маъракаи хайриявие таҳти унвони «Ба кӯдакон хурсандӣ меорем» созмон додаанд, ки қарор аст дар чаҳорчӯби он ба атфоли манотиқи офатзадаи Суғду Хатлон сарулибоси мактабӣ, ашёи хониш ва дигар ҳадяҳо ҷамъоварӣ шавад.

Саломат Қурбонова, ҳамоҳангсозӣ Барномаи рушди СММ дар Хуҷанд, ҳадафи баргузории ин гуна чорабиниро ҷалби бештари таваҷҷӯҳиҷомеа ба масоили кӯдакон арзёбӣ кард.

Вай гуфт, бар асари офатҳои табиии ахир дар минтақаи Кӯлоб ва дигар шаҳру навоҳии кишвар шумори зиёди кӯдакон ҷони худро аз даст доданд ва баъд аз ин ҳодисаҳо низ кӯдакон аз норасоии ғизову сарулибос азият мекашанд.

Хонум Қурбонова мегӯяд, «паст будани сатҳи зиндагӣ боиси пайваста нақз гардидани ҳуқуқи кӯдакон мегардад. Аз ҷониби дигар, то кунун масъулини ниҳодҳои давлатӣ омода нестанд, ки ба ҳангоми садама ё ягон офати табиӣ аз кӯдакон ҳимоят кунанд, онҳоро бо ғизо таъмин намоянд. Имрӯз бисёре аз кӯдакон ба ҷои мактаб дар бозорҳо аробакашӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки онҳо ҳуқуқ ба таҳсилу фароғатро доранд. Бархе аз кӯдакон ба далели норасоии ғизо дар хоновадаҳои камбизоат мефавтанд».

Кор ба ҷои таҳсил

Нодира Ёқубова, масъули созмони ҷамъиятии «Эҳё, фарҳанг ва тараққиёт» ва аз ташабускорони маъракаи хайриявӣ, мегӯяд, бар асари шароити бади зиндагӣ ва муҳоҷирати волидайн бисёре аз кӯдакону наврасон ба ҷои таҳсил дар мактаб ба корҳои сангини саҳро машғул мешаванд, ки ин ҳол ба солимӣ ва дунёи маънавии онҳо хатари ҷиддӣ мерасонад.

Вай мегӯяд, «дар бисёр ноҳияҳо кори аз ҳама душворро наврасон иҷро мекунанд. Дар хоҷагиҳо бисёртар ҷавонон ба каландзанӣ машғул мешаванд, нигоҳубини чорво ҳам ба души онҳо вогузор шудааст. Барои ҳамин онҳо имконият надоранд дар мактаб таҳсил карда, донишҳои худро қавӣ гардонанд».

Бори вазнини зиндагии Акбари 10-сола


Акбар, аз хурдтарин ҳамсӯҳбатони мо, ки ҳоло даҳ сол дорад, мегӯяд, як бародару як хоҳар дорад ва волидонаш чор сол аст, ки аз муҳоҷирати корӣ барнагаштаанд.

Ин се узви як хонавода аз паи дарёфти рӯзӣ буда, ҳар кадоме ба корҳои вазнин машғуланд. Акбар мегӯяд, «ману бародарам ҳамроҳ дар як маршрутка кори кондукториро иҷро мекунем. Барои ин корамон ба мо ҳаррӯз 10 сомонӣ медиҳанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди манбаҳои расмӣ, дар давраи соли хониши 2009- 2010 ҳудуди беш аз 160 нафар кӯдакони то синни 18-сола аз таҳсил дар канор мондаанд.

Маъракаи хайриявӣ бо иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ дар Хуҷанд дар се марҳила сурат мегирад. Дар даври аввали он сарилибоси мактабӣ ва лавозимоти хониш, барои кӯдаконони навоҳии Ғончиву Панҷакент ва минтақаи Кӯлоб, ки ба асари селхезӣ осеби ҷиддӣ бардоштаанд, ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

Марҳилаи дуввуму сеюми он иборат аз таҳия ва пахши навору варақаҳои иттилоотӣ бо мақсади ҷалби волидон ва ҳам масъулини ниҳодҳои давлатӣ ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон бахшида мешавад.
XS
SM
MD
LG