Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоири маҳбубу маъруфи рус даргузашт


Ба гузориши матбуоти Русия, Андрей Вознесенский, яке аз шоирони маҳбубу маъруфи даврони шӯравӣ дар синни 77 солагӣ даргузаштааст. Иллати марги ӯро ҳанӯз эълом накардаанд. Андрей Вознесенский аз адибони “насли солҳои 60 буд”, ки баъди аҳди Сталин аз озодии фикрӣ бархурдор шуданд. Тозагии навишти Андрей Вознесенский дӯстдорони адабиётро ба ваҷд овард вале аз тарафи адибони суннатии рус интиқод шуд. Никита Хрушев раҳбари шӯравии собиқ як дафъа таҳдид кард, ки ӯро аз кишвараш ихроҷ мекунад.
XS
SM
MD
LG