Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамлаи Исроилро маҳкум кард


Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ, ҳамлаи нерўҳои баҳрии Исроил ба корвони киштиҳои имдодии «Freedom Flotilia», ки рӯзи 31 май дар обҳои байналмилалӣ рўй дод, маҳкум кард. Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ки рӯзи 1 июн дар вебсайти вазорат нашр шуд, омадааст, ҳамла бар зидди киштиҳои ёрии башардўстона барои навори Ғазза, хилофи аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ будааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни ибрози нигаронӣ гуфтааст, бовар дорад, ки ин амалкард, ки дар натиҷаи он беш аз даҳ нафар ба ҳалокат расиданд ва даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, мавриди санҷиши амиқу воқеъбинонаи Шўрои Амният ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG