Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул худро барои "Ҷиргаи сулҳ" омода мекунад


Дар Кобул, пойтахти Афғонистон, омодагиҳои ниҳоӣ барои баргузории “ҷиргаи сулҳ” идома дорад, ки қарор аст, фардо рӯзи чаҳоршанбе баргузор шавад. Барои ширкат дар ин шӯрои машваратӣ, 1600 вакили мардумӣ ва раҳбарони қабоил аз саросари Афғонистон гирд меоянд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, хостааст, ки дар ин нишаст роҳҳои мусолиҳа ва хотима додан ба ҷанги нӯҳсола дар Афғонистон баррасӣ шавад, то нерӯҳои Амрико ва таҳти фармондеҳии НАТО тавонанд, Афғонистонро тарк кунанд. “Ҷиргаи сулҳ”, пас аз суқути Толибон дар соли 2001 бори саввум аст, ки баргузор мешавад. Гурӯҳи Толибон гуфтааст, як шарти аслии онҳо барои музокироти сулҳ дар Афғонистон, тарки ин кишвар кардани нерӯҳои хориҷист.
XS
SM
MD
LG