Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши тоза доир ба барномаҳои атомии Эрон


Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар як гузориши маҳрамона гуфтааст, ки Эрон ҳамчунон тавлиди ғанисозии ураниуми ғализро идома медиҳад ва барои ғанисозӣ сентрифугаҳои нав насб мекунад. Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт, Эрон то кунун дасти кам 5, 7 кило ураниуми ғализ ҳосил кардааст ва афзудааст, ки ҳамчунон аз табиати воқеъии барномаҳои атомии Эрон нигарон мебошад. Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш ҳадафҳои сулҳомез дорад. Майк Ҳаммер, сухангӯи дабири Шӯрои амнияти Амрико, имрӯз гуфт, гузориши мазкур возеҳан нишон медиҳад, ки “Эрон ба тааҳудоти байналмилалии худ амал накарда ва ҳамчунон бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ҳамкорӣ намекунад”.
XS
SM
MD
LG