Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният амалкардҳои Исроилро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид амалкардҳои Исроил дар ҷараёни юриш ба киштии кӯмакҳои башардӯстона ба Навори Ғаззаро маҳкум кард, ки он юриш бо ҳалокати чанд ғайринизомӣ анҷомид. Шӯрои Амният бо нашри баёнияи расмӣ, хостори “таҳқиқи бетарафона ва шаффоф” шуд.

Клод Ҳеллер раҳбари даврии Шӯрои Амният ва сафири Мексика дар Созмони Милал баёнияро қироат кард:

"Шӯрои Амният баёнияи дабири кулли Созмони Милал дар мавриди зарурати таҳқиқи комили масъаларо ба назар гирифта ва даъват мекунад, то ин масъала зуд, мустақилона, воқеъбинона, шафоф ва бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ таҳқиқ шавад. "

Матни баёнияи мазкур назар ба матне, ки Фаластиниёну кишварҳои арабӣ ва Туркия мехостанд, заъифтар буд. Онҳо тақозо доштанд, то Шӯрои Амният ҳамлаи Исроилро қотеъона маҳкум карда ва хостори таҳқиқи байналмилалии мустақили амалкарди Исроил шавад. Панҷ узви доимии Шӯрои Амният аз ҷумла Русия, Амрико ва Чин, аз Исроил хостанд ба муҳосираи иқтисодии Ғазза поён диҳад ва ҳамчунин ба таҳқиқи мустақилонаи юриши нерӯҳои Исроил даъват карданд. Амрико ба таври махсус ба қатъи муҳосираи Навори Ғазза даъват накардааст ва ишора намудааст, то Исроил онро сабуктар кунад.
XS
SM
MD
LG