Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба навиштаи шуморе аз торнамоҳои исломгаро, шабакаи ал-Қоида даргузашти Абу Язид, саввумин одам дар ин созмони террористиро эълон кардааст.

Аз Абу Язид ҳамчун мушовири наздики Уссома бин Лодин ва раҳбари созмон дар Афғонистон ном бурда мешавад. Абу Язид дар Миср таваллуд шуда, бештар ҳамчун Саид ал-Мисрӣ маъруф буд, ва аз асосгузорони ал-Қоида ва хазинадори собиқи бин Лодин шинохта мешавад.

Дар паёми ал-Қоида омадааст, ки Абу Язид ҳамроҳ бо ҳамсар, се духтар ва як наберааш дар пайи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин кушта шудааст.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ин ҳодиса чанде пеш дар яке аз деҳаҳои марзии Покистону Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст. Ин маҳаллот зуд-зуд ҳадафи мушакборон қарор мегирифтаанд.

Қаблан низ чандин бор ал-Масриро «кушта буданд», вале ҳеҷ боре он хабарҳо таъйид нашуда буд. Вале ин бор мақомоти кашшофии ИМА гуфтаанд, «далелҳои ҷиддӣ» вуҷуд дорад, ки саввумин одами ал-Қоида дар ҳақиқат ҳам кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG