Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагӣ ба нишасти раҳбарони ИА ва Русия


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз мизбони раҳбарони ИА хоҳад шуд. Тайи ин нишаст раҳбарони Аврупо мехоҳанд аз Маскав ҷиҳати ҳифзи евро замонат бигиранд, чунки тақрибан нисфи захоири асъори хориҷии Русия бо ҳамин воҳиди пули 16 кишвари Аврупост.
Маскав ба навбаи худ мехоҳад ба манзури иҷрои барномаи навсозии иқтисодаш, ки Медведев эълон кардааст, фанновариҳо ва сармояи бештарро аз ин қора ҷалб кунад. Аммо масоили ҳуқуқи башар шояд рӯи ин ҳамоиш соя биафканад. Дуруст дар сооте ки Медведев бо президенти ИА Ҳерман ван Ромпуй ва раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо сари хони зиёфат менишаст, нирӯҳои пулис раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Маскаву Петербургро бо истифода аз зӯр пароканда карданд.
XS
SM
MD
LG