Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтугӯи телефонии Обама бо Нетаняҳу


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як тамоси телефонӣ бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дарёфти фактҳои ҳаддалмумкин бештари марбут ба амалиёти пурқурбонии дирӯза болои корвони киштиҳои ҳомили кӯмак ба сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро муҳим хонд. Нетаняҳу дар пайи ин ҳодиса сафараш ба Вошингтонро лағв кардааст.
Вазорати хориҷаи Амрико низ аз марги фоҷиавии афрод дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои вижаи Исроил изҳори таассуфи амиқ кард ва хостори таҳқиқи фарогири қазия аз сӯи Исроил шуд.
Дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои вижаи Исроил алайҳи 6 киштии ҳомили кӯмакҳо дар баҳри Миёназамин дастикам 9 нафар кушта ва то 50 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин қазия мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалиро ба бор овард. Туркия, аз камшумор муттаҳидини Исроил дар ҷаҳони Ислом, ҳамлаи дирӯзаро ҳатто “терроризми давлатӣ” номид. Шӯрои Амнияти СММ низ феълан ба баҳси ин бӯҳрон шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG