Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба пойгоҳи ҷангиён дар Оракзай


Ҳамлаҳои ҳавоии артиши Покистон ба паноҳгоҳҳои ҷангиён дар шимолуғарби ин кишвар мунҷар ба ҳалокати 42 чирикӣ шудааст. Мақомоти амниятӣ гуфтаанд, ин ҳамалот дар се минтақаи Оракзай, ки як пойгоҳи умдаи Толибон дар ҳошияи марз бо Афғонистон дониста мешавад, рух додааст. Намояндаи давлат Навмонхон гуфт, ки 42 ҷангӣ кушта ва 18 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Покистон дар ин авохир дар бораи ҳалокати садҳо ҷангӣ хабар додаанд, вале таъйиди ин иддаоҳо аз сӯи манобеъи мустақил ғайримумкин ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG