Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон


Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, Муҳаммадзоир Соҳибов аз мақоми раҳбари Ожонси хариду кор ва хадамоти давлатӣ сабукдӯш шуда, ба ин симат Дилмурод Давлатов, мудири бахши молияи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъйин шуд. Муҳаммадзоир Соҳибов яке аз домодони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳамчунин Мизроб Кабиров Музаффар Ашӯровро дар мақоми мудири дастгоҳи Маҷлиси миллӣ иваз карда, Ашӯров акнун мудири шӯъбаи замонатҳои конститутсионии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG